Фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд

10 апрели соли 2018  дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Мушовараи Кумита  баргузор гардид. Дар он сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшавандаи марбутаи соҳа, сардорони Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.

Дар маҷлис оид ба масъалаҳои  «Дар бораи  натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо  барои ҷамъбасти сазовори  нимсолаи  аввали  соли 2018» Назарзода З., муовини Раиси Кумита, «Дар бораи рафти иҷрои  банди 4-и қарори  ҷаласаи Мушовараи Кумита аз 9 январи соли 2018 оид ба риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» Судуров С., сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфера  ва «Дар бораи  Созишномаи  соҳавӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи Марказии  иттифоқи касабаи  агросаноатии  Тоҷикистон барои солҳои  2018-2020» Қосимова Г., раиси Иттифоқи касабаи Кумита маъруза намуданд.

Дар рафти ҷаласа, инчунин оид ба масъалаҳои дигари ҳалталаби соҳа дар ҷойҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози андеша карда шуд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дахлдошта қарори дахлдор қабул гардид.

Дар ҷаласаи Мушовари Кумита сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо иштирок ва суханронӣ намуд.