Наврӯз — ҷашни табиат

Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарини мардуми мо мебошад, ки он имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар чорабиние, ки санаи 20 март дар саҳни Дастгоҳи марказии Кумита бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид, Наврӯз ҳамчун ибтидои ҳамаи бунёдкориҳо  ва амалӣ гаштани  орзуву ниятҳои нек арзёбӣ карда шуд. Қайд гардид, ки ин ҷашн дар байни  мардумони Тоҷикистону минтақа ва берун аз он  маҳз бо чунин фазилатҳои худ то имрӯз маъруфу машҳур аст.

Мусаллам аст, ки чун анъана  тамоми  мақомоти давлатии кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти зертобеи он, бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз кӯшиш ба  харҷ медиҳанд, ки   пешоҳанги  корҳои ободониву  созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани  шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бошанд,  то ин ки ба симои Ватани азизамон ҳусну таровати нав зам гашта, вазъи санитарию экологии ҷумҳурӣ  боз ҳам солим гардад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои рӯидастгирифтаи Кумита, дар Наврӯзи имсола, ки ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад, ҳунарҳои дастӣ ва ашёву лавозимоти рӯзгори ниёгонамон дар мисоли ҳунарҳои мардумии вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, манзараи наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва хони таомҳои миллӣ зеб медод. Маликаи Наврӯзу Бобои деҳқон чун рамзи баҳору мавсими киштукор   чорабиниро ҳусни дигар бахшиданд.

Сурудхониву қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, бозиҳои шоҳмоту шашка  ва дигар бозиҳои  хоси наврӯзӣ бахшҳое аз чорабиниҳои Кумитаро ташкил доданд.

Дар охир ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.