Конференсия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зич дошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар радифи ин чорабиниҳо дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, факултети геоэкология бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” конференсия бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, донишҷӯён ва омӯзгорон доир гардид.

Мувофиқи барномаи конференсия аз рӯи мавзӯъҳои пешбинишуда, сармутахассиси Раёсат дар бораи  вазъи безараргардонии партовобҳои маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Гулистон, Хистеварз, Деваштич, Истаравшан, Исфара  шинос намуд. Ҳамчунин  дар бораи  зарурати қабул ва мақсаду вазифаҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  маълумот дод.

Донишҷӯён дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда ва дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.