Барномаи телевизионии «Муҳит»

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур якҷоя бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи навбатии телевизионии дуюми «Муҳит» таҳия ва пахш гардид. Мавзӯи навбатии барнома ба ҳифзи олами наботот,  мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар миқёси вилоят, қоидаҳои амалкунанда барои қонунӣ ва ғайриқонунии буриши дарахт, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.