Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин-2015» ҷамъбаст гардид

tz

24 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин» бахшида ба иди меҳргон натиҷагирӣ карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин» дар асоси «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва нақшаи чорабиниҳои Маркази номбурда роҳандозӣ гардидааст.
Мувофиқи шартҳои озмун хонандагони синфҳои 7 ва 11-и аъзои маҳфилҳо, клубҳо, дастаҳои сайёҳию кишваршиносӣ, табиатдӯстони ҷавон ва дигар иттиҳодияҳои экологӣ, ки марҳалаҳои ғолибияти даври ноҳиявию вилоятии озмуни «Тирамоҳи зарин»-ро гузаштаанд, аз тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, маҳорат нишон доданд.
Шартҳои озмун аз рӯи се номинатсия, ба мисли «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, истифодаи партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, албомҳо, суратҳои ранга, истифодаи маводҳои видео оид ба кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист»; «Суолу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ: (биология, экология)» ва «Ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист» сурат гирифт.
Аз ҷониби ҳакамон ғолибони шартҳои озмун муайян гардида, бо диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.