Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

5-умин Ҷаласаи дуҷониба оид ба масоили «Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист…»

hamkori.dar.sohai.hmz

Рўзҳои 22, 23-юми октябри соли равон бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ (КИА СММ) ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе Ҷаласаи панҷуми дуҷонибаи ашхоси вазифадор ва мутахассисон оид ба масоили «Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гидрология (обшиносӣ) дар ҳавзаи дарёи Панҷ /Амударё байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Ҳадаф ва вазифаҳои Ҷаласа ин ҳамкории ҶИА ва ҶТ оид ба иҷроиши Созишномаи дуҷониба ва ҳамкорӣ дар равандҳои бисёрҷониба ва барномаҳо барои 5 соли минбаъда, ҳамчунин, натиҷагирии фаъолияти солона оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба гидрология ва марҳилаи аввали табодули маълумот барои солҳои 2014-2015 ва табодули афкор оид ба дигар самтҳои фаъолияти дуҷониба доир ба масоили ҳифзи муҳити зист байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар рафти кори Ҷаласа Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойхон Шарифова, Мушовири калон оид ба масъалаҳои экологии Комиссияи иқтисодии Аврупогӣ Бу Либерт, Муовини Сафири Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ҷаноби Фабио Пиана ва дигар мутахассисону коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдори ҶИА ва ҶТ, инчунин сафорати Федератсияи Руссия дар ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин ҳамоиши дурўза ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи об ва Конвенсияи об, фазои иттилоотии соҳаи обу экология, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим; масоили ҳамкории хадамоти гидрометеорологӣ, табодули маълумоти гидрологӣ ва такмили шабакаҳои мониторинги муҳити зист; лоиҳаҳо ва ташаббусҳо оид ба ҷангал ва захираҳои табиӣ; Лоиҳаи пилотӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон; табодули байнисарҳадии таҷриба, маърифат ва рушди устувор дар маҳал ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.