Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

it.surx2

Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл бо ҷалби 42 нафар олимону мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чоп гардид. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда моҳи октябри соли 2015 чоп шудааст.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, барои истифодабарӣ ба кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар сохтори фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи бойгариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ чораҳои муҳиму мақсаднок амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад.
Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда танзим менамояд. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин Китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.
Ба нашри якуми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.
Вазифаи асосии Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ ва ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардидааст ё ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таҷдиди намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии кишвар нақши муҳими худро мегузорад.