Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили экожурналистон дар шаҳри Турсунзода

tursunzoda.2

Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои экожурналистон рӯзи 14 октябри соли равон дар шаҳри Турсунзода зери мавзӯи «Ҳолати кунунии ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари навбатӣ доир гардид. Дар аввал бо роҳбаладии сардори Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма аз хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008», ки он дар 8 километраи шимолии Ширкати алюминийи тоҷик воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Раиси хоҷагии номбурда, деҳқони маъруф Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дастпарвардаҳои маҳсули заҳмати худро, ки аз намудҳои ангури хушсифат, анвои гуногуни дарахтони ороишӣ ва гулҳо иборат буд, ба рӯзноманигорон нишон дод.
Дар вохӯрӣ нашри дуюми Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки нав аз чоп баромадааст, аз номи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси хоҷагии мазкур Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов эҳдо гардид.
Дар ҷараёни боздид аз алоҳида нуқтаҳои атрофи Ширкати алюминйи тоҷик бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ ҳавои атмосфера санҷида шуда, бо мушоҳидаҳои қаблӣ ва кунунӣ дар муқоиса нишон дода шуд, ки дар ҳудуди таъсири КВД Ширкати алюминийи тоҷик вазъи экологӣ муътадил буда, миқдори консентратсияи ҳидрогени фтордор дар таркиби ҳаво ва хоку об аз меъёри муқарраршуда зиёд нест.
Сипас, дар яке аз мавзеъҳои зебоиманзари диёри Турсунзода оид ба ҳифзи фазои атмосфера семинар доир гардид, ки дар он сардори Шӯъбаи назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфера Маҳмадсодиқ Мусамиров ва сардори Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Эгамбердӣ Рустамов суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, вобаста ба мавзӯи мавриди назар байни мутахассисон ва намояндагони ВАО суолуҷавоб доир гардида, рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Семинар бо дастгирии молиявӣ ва амалии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон сурат гирифт.