Семинари вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии ш.Конибодом

Раёсат баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зич дошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ  ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳамзамон, санаи 28 феврали соли равон дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» семинар-вохӯрӣ таҳти унвони «Партовҳои бесоҳиб» бо иштироки намояндагон аз Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Олимова М.А. намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва вазифаҳои  қабул шудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», махсусан дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар мавзӯҳои муомилот бо партовҳо, зарар ва оқибатҳои он ба саломатии инсон ва муҳити зист маълумот дода, маърӯзаи слайдӣ ва саҳначаҳои тарбиявиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Ҳамчунин байни иштирокчиён бозӣ – викторина оид ба ҳама самтҳои ҳифзи муҳити зист ва табиати Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ намояндаи Раёсат оид ба ташкили чунин вохӯрии судманд ва баланд будани сатҳи дониши экологии донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, доир намудани чунин вохӯриҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуд.