Аксияи «Тозагии маҳал» дар моҳи феврали соли 2018 дар вилояти Суғд

Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, баҳри иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, дар миқёси вилояти Суғд дар давоми моҳи феврали соли равон, рӯзҳои шанбе чор маротиба, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва беҳбудии муҳити зист, ҳамчунин баҳри омодагӣ ба ҷашни Иди Наврӯз, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

      Дар маҷмуъ беш аз 67,4 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуда, дар натиҷа 49,8 км ҷӯйбор, 84,2 км қади роҳҳо, 76,7 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд, 80 метр соҳил аз партовҳо тоза гардид ва 3,7 км канори рохгаштхо сафед карда шуд.

      Ҳамзамон, 698,6 метри мукааб партовхоро ба партовгоҳҳо бароварда, дар рафти маърака зиёда аз 18 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва ороишию сояафкан шинонида шуд.