Омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамасола чун анъанаи неки гузаштагон  баробари фаро расидани фасли баҳор дар ҷойҳои зист корҳои  созандагиву бунёдкорӣ ва сабзу хуррамкунӣ гузаронида мешавад.  Аз рӯзҳои мусоид истифода карда, рӯзи 10 март  кормандони Дастгоҳи марказии  Кумита дар шумули мардону занон дастаҷамъона ба ҳашари шанбегии навбатӣ  баромаданд.

Дар шанбегии мазкур замини наздиҳавлигии Кумита барои шинонидани гулҳои ороишӣ ва ниҳолҳо омода карда шуд.  Иқдоми мазкур ба хотири дар сатҳи хотирмон ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» рӯи даст гирифта шуд.

Илова бар ин, Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба баргузории ҷашни Наврӯз тасдиқ гардида, дар доираи иҷрои бандҳои он корҳои назаррас иҷро гардида истодаанд.