Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ оид ба Барномаи давлатии маърифати экологӣ бо кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон

sem.rohi.ohan3

30 октябри соли равон дар Корхонаи воҳиди “Қитъаи Душанбегии роҳ”- и КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон семинари омӯзишии сатҳи баланд доир гардид. Мавзӯи семинар дар доираи омӯзиши «Барномаи давлатии комплексии Рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» буда, дар баргузории ин чорабинӣ муовини аввали сардори КВД Роҳи охани Тоҷикистон Баҳром Шодиев ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова иштирок ва суханронӣ намуданд.
sem.rohi.ohan4Сипас мувофики тартиби кори семинар аз рӯи мавзӯъҳои пешбинишуда, мутахассиси Кумита, сардори Маркази захиравии Орхус дар Душанбе Сулҳия Содиқова дар бораи зарурати кабул ва максаду вазифахои барномаи давлатии маҷмуавии маърифати экологии аҳолӣ, ки муҳлати иҷрои он давраҳои то соли 2020-ро дарбар мегирад, баромад намуд.

Ҳамчунин суханронии муҳандиси пешбар оид ба муҳити зисти Хадамоти сиёсати техники КВД Рохи охани Тоҷикистон Ҷумъахон Сулаймонов шунида шуд. Ҳамзамон, дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда ва дигар масоили дахлдори ҳифзи муҳити зист, ки роҳиоҳанчиён дар фаъолияти кории худ ба он мувоҳеҳ мешаванд, ба масъулони соҳаи ҳифзи муҳити зист суолҳои зиёде пешниҳод карда шуданд, ки ба суолҳои додашуда муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист О. Шарифова чавобҳои мушаххас дод.
Бахше аз ҷараёни семинар викторина байни кормандони роҳи оҳан буд, ки дар ин қисмат ба иштирокдорон саволҳо аз соҳаи тахассусӣ ва ҳифзи муҳити зист дода шуда, алоҳида кормандон дар он маҳорати хуб нишон дода, ба сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва нашри нави Китоби сурхи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан, ба таври рӯйнамо (презинтатсия) аз ҷониби сардори техникии КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон Неъматулло Маҳмадалиев ёддоштҳо sem.rohi.ohan2аз Намоишгоҳи байналмилалии EXPO 1520, ки чанде қабл дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия сурат гирифта буд, ба иштирокдорони семинар нишон дода шуд. Бояд ёдовар шуд, ки пешрафтҳои барқсои замони муосир оид ба навгониҳои технологӣ ба воситаҳои нақлиёти Роҳи оҳан низ бетаъсир намонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз чунин навгониҳои глобалӣ бархурдор буда, аз рӯи тақозои чаҳони имрӯзаи технологияҳои навсохти роҳи оҳанӣ, ки бо назардошти вазъи экологии имрӯза сохта шудаанд, кор мегирад.
Баъд аз ин, иштирокдорони семинар аз фаъолияти кормандони КВ “Қитъаи Душанбегии роҳ”- и КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон ва МД «Боғи Ирам» дар шаҳри Душанбе дидан карданд.
Дар интиҳо, тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак баҳри ҳифзи муҳити зист, бехатарии хатҳои роҳи оҳан, баланд бардоштани маърифати экологии ахолӣ ва таъмини суботи экологии шаҳрвандон изҳори хушнудӣ намуданд.