Вохӯрии Раиси Кумита бо коршиноси байналмилалӣ Раноҷой Басу Рэй

Рӯзи 17-уми апрели соли 2018 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода бо коршиноси байналмилалӣ Раноҷой Басу Рэй ва намояндагони Барномаи  рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тарафҳо масъалаҳоро роҷеъ ба амалишавии лоиҳаи «Коҳиш додани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (ГХФУ) дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар вохурӣ инчунин масъалаҳо доир ба коҳиш додани истифодаи ГХФУ дар Тоҷикистон, тағйиротҳои Кигали ба протоколи Монреал баррасӣ гардиданд.