Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар нишасти навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

3 ноябри соли 2015 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон» ва «Масъалаҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода ва мудири шуъбаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои кишварамон Иброҳим Саидов иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Х. Ибодзода қайд намуд, ки «Имрўз олимону коршиносони эклогии байналмилалӣ дар он ақидаанд, ки маъсалаҳои экологӣ бояд дар маркази диққати ҳукуматҳои кишоварҳои мухталиф, ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор дошта бошанд, чунки мушкилоти экологӣ ҳатман аз як кишвар ба кишвари дигар гузашта, характери минтақавию глобалиро қабул мекунад.» Дар баромади Х. Ибодзода масъалаҳои мубрами экологӣ, аз қабили баррасии вазъи пешбурди сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ки мусоидати фаъоли дигар муассисаҳои дахлдори дохилӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро тақозо менамояд, баён гардиданд.
Дар нишасти мазкур, ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки фаъоли мардум дар ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ҷиҳати ба таври самаранок истифода бурдани арзишҳои муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки бо назардошти муҳимияти масъалаҳои экологӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёт соли 2010 дар назди Маҷлиси намояндагон Комиссияи экологӣ таъсис дода шуда буд. Мақсади асосии Комиссия мусоидат ба танзими фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди иқтисодиёт тавассути такмилу таҳким бахшидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи нишаст воридшуда муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Ҳаёт Одинаев, Олимҷон Сафаров, Равшан Раҷабов, Пулод Муҳидинён ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.