Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида 21-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

konst.1

5 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлисро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, зимни сухани табрикотии худ арзиши волои ин санаи таърихиро дар таҳкими давлати тозаистиқлоли миллати куҳанбунёди тоҷик басо муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ намуд.konst.2
Баъдан оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими соҳаҳои иљтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат сардори Бахши обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қурбонов Вали суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки солҳои 1991-1997 дар таърихи навини кишварамон як марҳалаи бисёр ҳассосу душвор ва барои миллати тоҷик хатарбор ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра бо ҳазорон умеду орзуҳои нек хиштҳои аввали давлати тозабунёди тоҷикон гузошта шуданд. Боиси хушнудист, ки тайи 21 сол аст, халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёту фаъолияти худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия ба роҳ монда, бо риояи ин санади муҳимтарини давлатӣ ба комёбиҳои бузург ноил гаштааст.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор олимону мутахассисони Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нашриёти «Ганҷ», ки дар таҳия ва чопи нашри дуввуми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.