Вохӯрии Қосимзода Идигул Тағо бо кормандони Кумита

20 апрели соли 2018 дар толори бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо бо кормандони Кумита баргузор гардид.

Вохӯриро нахуст Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарғиби сару либоси миллӣ, пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон, инчунин иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд» дар тамоми минтақаҳои  ҷумҳурӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд ва дар ин самт ҷомеаи мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст.

Сипас Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қосимзода Идигул Тағо бо кормандони  Кумита, ки дар шумули бонувону ҷавонон иштирок доштанд, суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. Дар суханронӣ масъалаҳои ҷонибдорӣ аз сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба боло бардоштани маърифати занону ҷавонон, худшиносии миллӣ, нақши зан дар оила, тарбияи дурусти насли наврас, дар бораи дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ,  ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар масоили марбута арзёбӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, Раиси шӯрои занони Кумита Гулбаҳор Худойназарова дар бораи чорабиниҳои соҳавӣ дар ин самт маълумот дод.

Дар қисми анҷом Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Х. Ибодзода ва Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қосимзода И. аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷониби Х. Ибодзода ба меҳмони маҳфил Китоби сурхи Тоҷикистон тақдим карда шуд. Инчунин мавсуф аз  манзараҳои дилрабои  атрофи Кумита ва биное, ки дар он гӯшаҳои «гулҳои намоишӣ»  ва   «ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шудааст, дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.