Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз дастгириҳои Фонди Глобалии Экологӣ дар Тоҷикистон

10 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе вохўрии машваратии миллӣ бо иштироки намояндагони ташкилоти Фонди Глобалии Экологӣ оид ба баҳодиҳии натиҷаҳои дастгирии Фонди мазкур барои солҳои 1999-2014 доир гардид.
Вохўрӣ бо суханронии роҳбари гурўҳи корӣ оид ба баҳодиҳии натиҷаҳо Карло Каруджи ва муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова оғоз гардид.
Дар вохўрии мазкур аз рўи 23 лоиҳаҳои миллӣ ва 15 лоиҳаҳои минтақавӣ, ки дар ин давра амалӣ гардида буданд, мавриди баррасӣ ва баҳодиҳӣ қарор дода шуданд.
Мақсади гузаронидани баҳодиҳӣ ин мусоидати Фонд оид ба натиҷагирии фаъолияти 15 соли татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар самти беҳдошти сиёсати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Баҳодиҳии мазкур бо дастгирии пурраи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид.
Дар вохўрии машваратӣ қарор дода шуд, ки оид ба масъалаҳои баррасигардида, ҳисобтҳои ниҳоӣ омода ва пешниҳод карда шавад.