Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрии Х. Ибодзода бо Директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ

12 ноябри соли ҷорӣ вохўрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода бо Директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Искандар Абдуллоев ва менеҷери лоиҳаи маркази мазкур Екатерина Стрикелева доир гардид.
Дар вохўри «Татбиқи пешгирии ихтилоф оид ба масъалаҳои об ва энергетика дар Осиёи Марказӣ» ва дигар масъалаҳои муносибати ҷонибҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Мақсади асосии лоиҳа ин ҳавасмандкунии байнисарҳадӣ ва ҳамкории сатҳи баланди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои об ва энергетика мебошад.
Тарафҳо аз ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.