Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоми минтақавии Конвенсияи Ромсар оид ба Осиёи Марказӣ

ramsar1

Санаи 10-13 ноябри соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ дар ҳамбастагӣ бо Конвенсияи Рамсар ва маблағгузории Ҳукумати Япония дар шаҳри Душанбе семинари минтақавии Конвенсияи Рамсар дар мавзӯи ташкил намудани Котиботи Минтақавии Конвенсияи Рамсар дар Осиёи Миёна доир гардид. ramsar2Дар семинар 35 нафар иштирокчиён аз қабили Мушовири калони минтақаи Осиё ва Океанияи Конвенсияи Рамсар ҷаноби Лю Янг ва ёрдамчии мушовир Солонго Хулебаатар, ҳамоҳангсозони Конвенсияи Рамсар аз давлатҳои Осиёи Миёна (Турманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ JICA, WWF, UNEP, IUCN, РЭЦ ва намояндагони сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намудан. Дар семинар муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист муҳтарам Назаров Шамс Бароталиевич баромад намуда, доир ба татбиқи талаботи Конвенсияи Рамсар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо ва афзалиятҳо суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки мақсади асосии Конвенсияи Рамсар ин нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори мавзеҳои обию ботлоқӣ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 мавзеҳои обию ботлоқӣ ба қайд гирифта шудаанд ва 5-тои онҳо ба рӯйхати Конвенсияи Рамсар ҳамчун мавзеҳои аҳамиятӣ миллӣ ва глобалӣ дошта ворид карда шудаанд.
Дар рафти семинар қарор дода шуд, ки моҳи марти соли 2016 ташаббуси ташкил намудани Котиботи Минтақавии Конвенсияи Рамсар дар Осиёи Миёна дар ҷаласаи навбатии Комиссия байнидавлатӣ оид ба рушди устувор пешниҳод ва мавриди барасӣ қарор дода шавад ва дар сурати дастгирӣ ёфтан аз тарафи вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Миёна чорањои амалӣ андешида шаванд.