Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

vohuri.17.11

17 ноябри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохўрӣ баргузор гардид.
Вохўриро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки «Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, самаранокии ин кор аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият, ҳар як коллективи меҳнатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст».
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи ин Стратегия таҳия гаштааст, ки он чун барномаи корӣ дар фаъолияти ҳамаи сатмҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз тарафи кормандони Агентӣ дар бораи пешгирии омилҳои коррупсиони ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ махсус қайд гашт.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.