Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз рафти амалишавии конвенсияҳои экологии СММ дар маҷлиси назоратии Кумита

maj.nazorati.13

13 ноябри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратӣ оид ба фаъолияти Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар бораи иљрои талаботи конвенсияҳои экологии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.
Маҷлиси назоратиро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи баррасишаванда сухан барои маърӯза ба сардори Бахши робитаҳои байналмилалии Кумита Музаффар Салимов дода шуд. Дар баромади М. Салимов қайд гардид, ки айни ҳол Тоҷикистон ба 9 Конвенсия ва 4 протоколи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил аст, ки ин падида аз густариши ҳамкориҳои байналмилалии Кумита бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Дар маърӯзаи худ М. Салимов дар барои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ оид ба амалишавии конвенсияҳои байналмилалии СММ «Дар бораи гуногунии биологӣ» аз 15 майи с. 1997, «Дар бораи тағйирёбии иқлим» соли 1998, «Оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ» августи соли 1997, «Дар бораи ҳифзи қабати озон» аз 4 ноябри соли 1995 (Протокол оид ба маводи вайронкунандаи қабати озон (Монреал) аз 13.12.1997, №536), «Дар бораи заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ, махсусан ба сифати маҳали зисти парандаҳои обшинокунанда (Конвенсияи Рамсар) аз 24.10.2000, конвенсияҳои стокголмӣ оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» декабри соли 2006 ва Орхус соли 2008, Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (моҳи июни соли 2015), инчунин Поротолҳои нагоявӣ, Киото ва ғ., ба таври мушаххас маълумот дода шуд.
Раиси Кумита Х. Ибодзода аз рафти амалишавии баъзе аз ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои “Дар бораи гуногунии биологӣ” «Стокголмӣ оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», «Дар бораи ҳифзи қабати озон» ва Орхус, ки дар сатҳи баланд амалӣ гардида истодаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъули иҷрояшон миннатдорӣ баён кард.
Дар ин росто ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани уҳдадориҳои дигари конвенсияю протоколҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ба масъули иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда баромадҳои Муовини Раиси Кумита Ш. Назаров, сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот Маскаев А., директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳ., сардори Маркази захиравии Орхус Содиқова С. шунида шуд.
Дар интиҳои маҷлис аз рӯи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул карда шуд.