Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба татбиқи Барномаи маҷмўавии маърифати экологӣ

barn.marifati1

Дар Мизи мудаввар, ки санаи 19 ноябри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла «Замини хурд», «Фонди кўҳистон», barn.marifati2«Зан ва замин», «Ҷамъияти экологоии ҷавонон», инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Мизи мудавварро Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ойхон Шарифова оғоз намуда, қайд кард, ки: «Фаъолияти рӯзафзуни хоҷагидории инсон бе риояи талаботи ҳатмии экологӣ боиси вайроншавии мувозинати экологӣ гардида, дар натиҷа ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, ба монанди заминҷунбию ярчфароӣ, баланд шудани сатҳи дарёҳо ва дигар офатҳои табиӣ ба вуҷуд меояд ва ин ҳама хисороти моливу ҷонӣ меоранд. Яке аз роҳҳои асоситарини солим нигоҳ доштани муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад».
Баъдан, мувофиқи тартиби кори Мизи мудаввар, сардори Маркази ахбори экологӣ Гулрухсор Тиллоева, директори ташкилоти ҷамъиятии экологоии ҷавонон Юрий Скочилов, сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Бозор Абдураҳимов, иҷрокунандаи вазифаи директори Ташкилоти ҷамъиятии «Замини хурд» Мусаввара Шукурова аз рўи мавзўъҳои вобаста ба маърифати экологӣ баромад намуда, презинтатсияҳои худро манзури таваҷҷуҳи иштирокдорон намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки танҳо дар ҳамкории якҷоя амалӣ намудани Барномаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ба натичаҳои дилхоҳ ноил гардидан имкон дорад. Мизи мудаввар иқдоми нахустине буд барои ҷустуҷўи роҳҳои ҳамкорӣ баҳри иҷроиши ҳама бандҳое, ки дар Барномаи давлатии маҷмуавӣ дарҷ гардидаанд.