Чорабинии тантанваӣ бахшида ба 73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

8 май дар Дастгоҳи марказии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии тантанавӣ бахшида ба       73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гашт. Чорабиниро муовини Раиси Кумита Зарина Назарзода оғоз бахшида, матни табрикотии Раиси Кумитаро қироат намуд.

Дар  суханронӣ  қайд карда шуд, ки диловарию  мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамониҳое, ки  фарзандони Тоҷикистон  дар қатори  намояндагони  дигар қавму миллатҳо  дар муҳорибаҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, сазвори таҳсин аст.

Имрӯз аз теъдоди бисёрмиллионаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ашхосе башумор дар қайди ҳаёт мондаанд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  теъдоди хеле ҳам ками иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.  Хушбахтона, онҳо  аз ҷониби Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва тамоми  мардум доимо таҳти эҳтирому  ғамхорӣ қарор гирифта,  қадрдонӣ мешаванд.  Ба қадри қаҳрамонони ҷанг расидан, қаҳрамонии онҳоро пос доштан имрӯз қарзи  шаҳрвандии  ҳар як шахси  ба нангу номус  ва тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад-қайд карда шуд дар ҷамъомад.

Сипас алоҳида  кормандони Кумита  хотираҳои худро аз падар ва дигар хешовандони худ, ки  сина сипар карда, барои ҳифзи сарзаминашон  ҷоннисорӣ намудаанд, ёдоварӣ намуданд.  Зикр гардид, ки вазифаи  хизматию  виҷдонии  наслҳои имрӯзаи кишварамон  меҳнати софдилона ба нафъи  Ватани азиз,  кӯшишу ғайрати  ҳамешагӣ  баҳри ободию пешрафти  минбаъда, баланд бардоштани  иқтидори  ҳарбӣ, ягонагию муттаҳидӣ мебошад.