Баррасии масъалаҳои об ва иқтисоди “сабз” дар вохӯрии намояндагони Кумита, маркази Орхус бо донишҷӯёни факултети журналистика

Санаи 7 –уми май дар толори факултаи журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази “Орхус” дар шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯёни факултет вохӯрӣ баргузор гардид.  Нахуст декани факултети журналистика Исматов Саъдӣ ҳозиринро  хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 -2028” бахшида шуда, тарғиби ғояҳои истифодаи оқилона ва самараноки об аз тарафи донишҷӯёни факултети  журналистика ва дарки оқибатҳои истифодаи нодурусти он  мебошад. 

Сардори маркази Орхуси шаҳри Душанбе Сулҳия Содиқова  Моҳияти Конвенсияи “Орхус” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро ба донишҷӯён фаҳмонида изҳор дошт, ки: “Тоҷикистон ба даҳ Конвенсияҳои байналмилалӣ доир ба ҳифзи муҳити зист шомил мебошад. Яке аз онҳо Конвенсияи “Орхус” аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 онро ба имзо расонидааст. Моҳияти конвенсияи мазкур дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист ва  гирифтани иттилооти экологӣ мебошад.

Ёвари барномаи экологӣ дар дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Ҳоҷиева зимни суханронӣ  иброз намуд, ки САҲА дар Тоҷикистон дар се самт амал мекунад, ки яке аз онҳо масоили иқтисодӣ ва экологӣ мебошад. Бо мусоидати САҲА дар ҳафт минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ғарм, Бохтар, Ҷайҳун ва Турсунзода барои татбиқи конвенсияи “Орхус” Марказҳо кушода шудааст. Марказҳои “Орхус” дар маҳалҳои худ ҳамчун манбаи маълумоти экологӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд ва вобаста ба масъалаҳои хоси минтақаи худ чорабиниҳои огоҳонӣ ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Инчунин  татбиқсозии принсипҳои иқтисоди “сабз” –ро дастгирӣ менамояд. Рушди устувор бидуни истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба амал омада наметавонад. Воқеан идоракунии устувори захираҳои табиӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам бурун аз он ба шумор меравад.

Дар давоми ҷамъомад сармутахассиси Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист А. Шукуров, инчунин устодони факултаи журналистика  Бахтиёр Қутбиддинов ва Сангин Гулов оид ба масоили об ва муҳити зист ибрози назар намуданд.

Баъдан аъзоёни маҳфили “Паҳно” бо истифода аз навор доир ба иқтисоди “сабз” ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ доир ба истифодаи оқилона ва самараноки об, ҳифзи захираҳои оби сайёра, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар бархе аз кишварҳо табодули афкор намуданд. Дар анҷоми нишаст иштирокчиён ба саволҳои худ аз ҷониби  мутахассисони соҳа ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.