Иштироки Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода дар Конфронси Глобалии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ

Рӯзҳои 7-9 майи соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар Конфронси Глобалии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар мавзӯи “Гул-гулшукуфӣ тавассути хизматрасонии гидрологӣ” баргузор гашт, иштирок намуданд. Раиси Кумита Х. Ибодзода дар назди иштирокчиёни Конфронс суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ қайд гардид, ки оқибатҳои тағйирёбии глобалии иқлим барои ҳама кишварҳо ва барои ҳар як шаҳрванди сайёра ногувор боқӣ хоҳад монд. Дар Тоҷикистон, ки бинобар сабаби шароити мураккаби ҷуғрофӣ кишвари ба дигаргуншавии иқлим осебпазир маҳсуб меёбад, дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солона 1 дараҷа баланд шудааст. Дар натиҷаи ин, ҳамасола офатҳои табиӣ рух медиҳанд, ки на танҳо ба кишвар хисороти зиёди иқтисодӣ мерасонад, балки мутаассифона боиси марги инсонҳо мегардад. 

Бешубҳа, тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва сифати оби нӯшокии сайёра таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз, дар заминаи дигаргуншавии  иқлим, бахусус дар минтақаҳои хушки ҷаҳон, масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби нӯшокӣ вобастаанд, торафт душвор мегардад.

Дар маърӯзаи Раиси Кумита қайд карда шуд, ки тақрибан 60% захираҳои обие, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мекунанд, дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Тибқи пешгӯиҳо дар сурати ба 2-3°C баланд шудани ҳарорати ҳаво раванди обшавии пиряхҳо афзуда, дар ниҳоят боиси коҳиши ҷараёни дарё мегардад. Дар маҷмуъ коҳиши боришот ва афзоиши талабот ба истеъмоли об метавонад дар минтақа дар оянда вазъро душвор гардонад 

Пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки барои ташаккули захираҳои обии минтақа саҳим ҳастанд, на танҳо дар таъмини рушди устувори сарзамини мо, балки минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозанд. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва андешидани тадбирҳои саривақтии мутобиқгардонӣ ҳам ба ҳифзи экосистемаҳои кӯҳии ноустувор ва ҳам рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

Дар охири суханронӣ Хайрулло Ибодзода таъкид намуд, ки раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, огоҳонии саривақтӣ бо мақсади коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, пешгӯиҳои боэътимод доир ба обуҳаво ва дигар маълумотҳои гидрометеорологӣ барои ҳаллу фасли ҳадафҳои рушди устувори дар пешгузоштаи ҳар як давлат ва минтақаҳо муҳим аст. Аз ин лиҳоз, ҳамкории кишварҳо ва минтақаҳоеро, ки таҳти сарпарастии Созмони Умумиҷаҳонии метеорологӣ қарор доранд,  зарур меҳисобем.

Ҳамчунин Раиси Кумита Х. Ибодзода ба иштирокчиёни Конфронс дар бораи баргузории конфронси сатҳи баланд, ки рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот ироа намуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари навбатӣ Раиси Кумита Х. Ибодзода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ Петтери Таалас ва директори Барномаҳои Об ва Иқлими Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ Ёҳанес Кулман мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд. Раиси Кумита Х. Ибодзода аз Петтери Таалас ва Ёҳанес Кулман ҷиҳати иштирок дар конфронси сатҳи баланд, ки рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Директори барномаҳои Об ва Иқлими СУМ Ёҳанес Кулман даъвати Х. Ибодзодаро бо хушнудӣ пазируфт. Аз сабаби ба чорабинии дигар банд будан Петтери Таалас дар конфронси сатҳи баланд доир ба  масъалаҳои об  иштирок карда наметавонад.