Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии муҳитизист дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Раёсат бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи «Бизнес ва идоракунӣ» дар мавзӯъҳои «Захираҳои оби Тоҷикистон ва самаранок истифодаи он», Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини декан оид ба илм, н.и.к. Хӯҷаназарова М. ва дотсенти кафедраи маркетинг -агробизнес, н.и.к. Азимов А. баромад намуда, бобати зарурати тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуданд. Аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологии вилоят, махсусан дар самти ҳифзи захираҳои об баромадҳо пешкаши  иштирокчиён гардид. Ҳамчунин донишҷӯён ва омӯзгорон оид ба ҳолати оби дарёи Сир, иншоотҳои партовобтозакунӣ ва таъсири он ба саломатии инсон, муаммоҳои экологии ҷойдоштаи минтақаҳо изҳори ақида намуданд.

       Ҳамзамон, ба ғолибони озмуне, ки қаблан дар конференсияи бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, барои мақолаҳои илмии беҳтарин ифтихорномаҳо супорида шуд.

      Дар охири чорабинӣ ба Донишгоҳи мазкур Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 ҷилд тақдим карда шуд. Дар навбати худ аз тарафи Донишгоҳ ба Раёсат маҷалаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», № 1,2,3,4 соли 2017 барои пайдо намудани маълумот пешкаш гардид.