Машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ зери мавзӯи «Забони давлатӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа»

Дар толори Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 май ду машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ зери раёсати муовини Раиси Кумита С. Абдураҳмонзода баргузор гашт.

Мавзӯи аввал  «Идоракунии  ҳифзи муҳити зист, усулҳои татбиқи  сиёсати экологӣ  ва аҳамияти он  барои  рушди   иқтисодию   иҷтимоии  кишвар» ном дошта, бароомадкунанда сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Б. Абдураҳимов буд, ки дар шакли рӯйнамо мавзӯъро ботафсил ва ҳамаҷониба шарҳу маънидод кард.   

Мавзӯи дуюми семинар «Забони давлатӣ ва нақши он  дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа» унвон дошта, вобаста ба мундариҷаи он муовини сардори Маркази ахбори экологии Кумита И. Сангов суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони  сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонун «Дар   бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳар нимсола нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши талаботи қонуни мазкур таҳия ва тасдиқ гашта, мавриди амал қарор мегирад, ки барои ҳифзу нигоҳдории ин муқаддасоти давлатдориамон ва тарбияи худогоҳию худшиносии ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар интиҳои машғулиятҳо фикру андешаи алоҳида иштирокдорон изҳор гашта, ба суолҳои онҳо баромадкунандагон Абдураҳимов Б. ва Сангов И. ҷавобҳои мушаххас доданд.