Баррасии масъалаҳо оид ба пешгирии ҷамъоварӣ ва фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои хурданибоб дар ҷойҳо

Дар маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 майи соли равон баргузор гашт, масъалаҳо оид ба пешгирии  ҷамъоварӣ ва фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои хурданибоб дар бозору кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифзи ва истифодаи олами набототу ҳайвоноти Кумита А. Маскаев гузориши таҳлилӣ пешниҳод намуд. Мавсуф қайд кард, ки ҳарчанд, аз ҷониби нозирони соҳавӣ корҳои мушаххасе вобаста ба масъалаи мавриди назар дар мавсими имсола анҷом дода шуда бошад ҳам, камбудиҳе дар фаъолияти масъулони шаҳру ноҳияҳои мазкур  ҳануз ҳам ҷой доранд.

         Раиси Кумита Х. Ибодзода изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳолатҳои ғайриқонунии ҷамъоварӣ ва фурӯши гиёҳҳои хурданибоб дар бозору кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ба назар мерасад. Ба Маскаев А. дастур дода шуд, ки роҳҳои ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намуда, системаи кори назоратиро тибқи меёрҳои зарурии қонунгузорӣ ба роҳ монда, назоратро дар ин самт пурзӯр намояд. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе Н. Раҳимов, сардорони шуъба ва бахшҳои муҳити зисти шаҳрҳои Ваҳдат В. Каримов, Ҳисор Н. Маҳмадалиев, ноҳияҳои Варзоб С. Муқимов ва  Рӯдакӣ А. Ҳусейнов таклифу пешниҳодҳои худро оид ба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти  минбаъда  пешниҳод карданд.

               Дар масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати корҳои Кумита В. Саидов оид ба вазъи ҳуҷҷатгузорӣ ва кор бо кадрҳо дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти зертобеи он шунида шуд.

              Баъд аз муҳокимаҳои ҳамаҷониба ва таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда қарори дахлдор қабул карда шуд.