Мизи муддаввар дар мавзӯи «Баҳисобгирии оперативӣ» ва аудити экологӣ»

15-уми май дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баҳисобгирии оперативӣ» ва аудити экологӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.  Дар оғози чорабинии мазкур Фирӯза Ҳоҷиева, намояндаи  Барномаи ҳифзи муҳити зисти Бюрои САҲА дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳадафи Конвенсияи Орхус ва шохаҳои асосии онро шарҳ дод.

             Сипас, Абдураҳимов Б., сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ дар бораи иҷроиши талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ», санадҳо оид ба иҷрои қонуни мазкур дар шакли рӯйнамо баромад намуд. Ҳамчунин, масъалаи амалисозии аудитӣ  дар объектҳои  ҳифзи муҳити зист ба иштирокдорон фаҳмонда шуд.

Дар қисми дигари кори мизи мудаввар Т. Назаров, сардори Маркази  илмию тадқиқотии  «Табиат» дар мавзӯи «Баҳисобгирии оперативӣ ва аудити экологӣ»  баромад намуд.

Дар қисмати хотимавии мизи мудаввар доир ба мавзӯъҳои баррасигардида суолуҷавоб сурат гирифта, ба ҳамаи суолҳо ҷавобҳои мушаххас гардонда шуд.