Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ оид ба тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчии давлатӣ

seminar 20. 11. 15

20 ноябри соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани семинарҳои бозомӯзӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии навбатӣ баргузор гашт.
Мавзӯи семинарии бозомӯзӣ «Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, аз ҷониби сармутахассиси Раёсати корҳо оид ба масъалаҳои кадрии Кумита Нурулло Сайфуллоев гузаронида шуд.
Дар рафти семинар иштирокдорон аз мундариҷаи бобу фаслҳои Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби Н. Сайфуллоев ба саволҳои додашуда ҷавоби мушаххас гардонида шуд.