Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами миллӣ

parcham

24 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи парчами миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Кумита Хуйрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, бо маърўзаи табрикотӣ кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро шодбош гуфт.
Дар суханронии Х. Ибодзода қайд гардид, ки: «Парчами миллӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта, он ҳадафҳои худро таҷассум менамояд. Мо роҳи тӯлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони арҷманди диёр тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бармеояд. Ҷавҳари миллати куҳанбунёди моро озодагӣ, маънавият ташкил медиҳад, ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст. Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ин ишора ба ранги сабзаш мебошад.»
Дар рафти чорабинӣ алоҳида кормандони Кумита низ баромад намуда, оид ба арзишҳои ин муқаддасоти миллӣ, аҳамияти он дар таҳкими суботи мамлакат ва некуаҳволии мардум фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихормандӣ аз давлати ободу зебо зери парчами сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ намуда, ба Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоянд ва таманнои он карда шуд, ки то абад Парчами давлатӣ моро ба некиву покӣ, меҳнати софдилона, муттаҳидиву ягонагӣ баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон ҳидоят намояд.