Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомўзӣ дар вилояти Суғд

sem.bozomuzi.20151126_094832

Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» санаи 26 ноябри соли равон дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Қайроққум семинари бозомўзӣ баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Хайруллоев, сармутахассис оид ба кадрҳои Кумита Нурулло Сайфуллоев, сардорони Раёсат, шўъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар семинари мазкур мавзўъҳои тартиби ташкил намудану гузаронидани мониторинги экологӣ ва феҳристи объектҳои мониторинги экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои тартиб ва пешниҳоди баҳогузории хизматчиёни давлатӣ ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ баррасӣ карда шуд.
Дар рафти семинар аз ҷониби иштирокдорон оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида музокира сурат гирифт.