Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрии Ойхон Шарипова бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

itihodi.avrupo-260x180

Ҷиҳати ёддошти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Комиссияи Аврупо арзёбии кумакҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ шурўъ намуд.
Бо ин сабаб рўзи 1 декабри соли ҷорӣ вохўрии Комиссияи мазкур бо муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова баргузор гардид.
Мақсади арзёбии ин Комиссия санҷиши муҳим, самаранок, устувор будани кумакҳои Иттиҳоди Аврупо дар муддати солҳои 2007-2014 ва инчунин натиҷа ва таъсири онҳо барои муайян намудани ҳамкориҳои минбаъда мебошад.