Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомўзӣ оид ба рафъи буриши ғайриқонунии дарахтон дар қаламрави ҷумҳурӣ

sem.bozom_.03.12-260x180

Тибқи нақша чорабинии семинарҳои бозомўзӣ санаи 3-юми декабри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари навбатӣ баргузор гардид. Дар семинар масъулини раёсату шўъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.
Бозомўзиро муовини Раиси Кумита Шамс Назаров оғоз намуда, оид ба рафъи буриши ғайриқонунии дарахтон дар қаламравӣ ҷумҳурӣ суханрони намуд. Дар рафти суханронӣ Шамс Назаров қайд намуд, ки ҳарчанд тартиби нави додани иҷозат барои буриши сабабноки дарахтон дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида бошад ҳам, то ҳол аз тарафи баъзе шаҳрвандон ҳолатҳои буриши ғайримақсадноки дарахтон, махсусан дар фасли зимистон дида мешавад. Аз ин рў дар семинар масъалаҳои пешгирӣ, назорат ва бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқоти байни аҳолӣ баррасӣ гардиданд.