Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомузӣ бахшида ба натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015»

sem.boz.04.12

Рўзи 4-уми декабри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомузӣ оид ба натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва зарурияти эълон гаштани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» баргузор гардид.
Аз рўи масъалаи мазкур ахбороти Сардори Шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Маҳмадаминов С. шунида шуд. Дар семинари мазкур тамоми кормандони Дастгоҳи марказии Кумита фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.