Семинари бозомӯзӣ бо иштироки нозирони ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандон санаи 23 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла мутахассисон доир гардид.

Дар рафти семинар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия ва пешниҳоди дурусти шаклҳои нави ҳисобот, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, тартиби пешниҳоди дурусти матритсаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ҷадвали сарфи маблағҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур шунида шуд. Ҳамчунин, байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ масъалаи  дигари кори семинар буд.