Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 5 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 24 майи соли 2018 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимии ш. Хуҷанд вохӯрии намояндаи Раёсат бо омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илми Донишкада суханронӣ намуда, бобати аҳамияти ҷомеаи имрӯза ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурати тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд.

Баъдан, якҷо бо донишҷӯён филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида шуда буд, манзури иштирокдорон гардид. Аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, дар бораи таърихи таҷлили санаи 5 июн, татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ ибрози андеша карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ саволу ҷавоб карда шуда, ба саволҳои омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар охири чорабинӣ ба Донишкадаи мазкур Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар 2 ҷилд) ва маводҳои иттилоотии дигар тақдим карда шуд.