Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хайрулло Ибодзода дар чорабиниҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж суханронӣ намуд

france.ibodzoda-260x180

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар 21-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки 7-8 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ Х. Ибодзода қайд намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсирпазир дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Чунин тағйирот таъсири манфии худро ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз ҷумла захираҳои обӣ, энергетика ва соҳаи кишоварзӣ расонида истодааст. Ин тамоюл, ҳатто ба соҳаи иқтисодӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ таъсир мерасонад. Аз сабаби дар иҳотаи кўҳҳо будани Тоҷикистон аз ҳама ихроҷи ками газҳои гулхонаӣ он ҷо ба қайд гирифта мешавад. Сабаби асосӣ ин аст, ки тақрибан 98%-и истеҳсоли қувваи барқ дар мамлакат бо истифода аз нерўгоҳҳои барқӣ таъмин карда мешавад».
Хайрулло Ибодзода инчунин қайд кард, ки Тоҷикистон Ҳуҷҷати маблағгузории эҳтимолии миллии муайянкунандаи давлатҳоро (INDC) дар доираи омодасозии кунунии тафоҳум доир ба иқлим ва газҳои гулхонаӣ пешниҳод менамояд. Тоҷикистон дар доираи созишномаи тарафҳо ҷонибдории худро бо назардошти имкониятҳои мавҷуда дар самти муътадил сохтани ҳарорати ҳаво барои 2% изҳор менамояд. Бисёр муҳим аст, ки лоиҳаи созишномаи баналмилалӣ оид ба ҷуброни зарар ва баланд бардоштани сатҳ дар доираи созишномаи тарафҳо роҳандозӣ карда шавад. Созишнома бояд сатҳи ҳуқуқии ҳамаи давлатҳоро фаро гирад. Бо ҳамин роҳ кафолати рушди устувор ва бехатарии насли ояндаро додан мумкин аст.