Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

IMG_3755 (Копировать)

Дар маҷлиси назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли ҷорӣ баргузор гашт, мувофиқи реҷаи корӣ масъалаҳо оид ба рафти иҷрои қарори Мушовараи Кумита аз 10 июли соли 2015, №12 «Дар бораи фаъолияти кори Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якум ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2015» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Маҷлисро Муовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова оғоз намуда, қайд кард, ки қарори мазкур вазифаҳои воҳидҳои сохтории Кумитаро барои нимсола муайян намуда, барои иҷрои он корҳои муайяне амалӣ гаштаанд.
Аз рўи масъалаи зикргардида охбороти сардорони Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, Экспертизаи давлатии экологӣ, шуъбаҳои назорати давлатии Кумита шунида, муҳокима гардид.
Дар ҳошияи баромадҳо муовинони Раиси Кумита О. Шарифова ва Шамс Назаров оид ба масъалаи муҳокимашаванда, натиҷаҳои корҳои амалигашта, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Аз рўи ҷамъбасти муҳокимаи масъала, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳалли баъзе камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, қарори дахлдор қабул карда шуд.