5 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

5 июн дар толори маҷлисгоҳи  бинои Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.  Чорабинии идонаро муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода оғоз бахшида, матни табрикотии Раиси Кумитаро қироат намуд.

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ  аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма гирифта, 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги  23 кишвари ҷаҳон ба имзо расидааст. Ҳамон сол олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист  ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Соли 1972 дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист  доир гашт ва дар кори он намояндагони 113 кишвари олам  иштирок намуданд. Дар конфронми мазкур барои ҳамасола    5-уми июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил намудан, қарор қабул карда шуд.  Имсол 46-умин сол аст, ки бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЭНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти  вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист  таҷлил карда мешавад.

Дар чорабинӣ 1 нафар бо нишони  «Аълочии ҳифзи муҳити зист», 22 нафар бо нишони сарисинагии «Корманди фахрӣ» ва 22 нафар бо ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити  зист сарфароз гардонда шуданд.

Тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷолмеа, аз ҷумла бо иштироки донишҷӯёну хонандагон чорабиниҳои экологӣ ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ин санаи экологӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.