Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар мавзеи фарҳагнию фароғатии «Боғи Ғалаба»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ифтихор аз сулҳу суботи пойдор ва ҳувияти Ватандӯстӣ баргузор гардид. Кӯчаву шоҳроҳҳои ноҳия бо шиору овезаҳои идона оро ёфта, мардуми диёри овозадор бо рӯҳияи идона ба макони чорабинӣ шитоб мекарданд.

Бахши кишоварзӣ, ассотсиатсияҳои парандапарварӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ба иштирокдорон писанд афтод. Дар расми кушодашавӣ Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода суханронӣ намуда, Рӯзи байналмилалии муҳити зистро ба мардуми ноҳия шодбош гуфтанд. Зикр карда шуд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар маъракаи ободонию ниҳолшинонии ноҳия зиёда аз 43 ҳазор дарахтон ва 100 ҳазор гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст, ки дар натиҷа кӯчаю хиёбонҳои ноҳия ҳусну таровати навро пайдо кардаанд.

Сипас, алоҳида кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои фаъолияти хуби меҳнатӣ ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд.