Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ш. Хуҷанд

Расми маводи 2 (Копировать)

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри татбиқи Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 бо соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зич дошта, барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ ҳамаҷониба кўшиш ба харҷ медиҳад.
Дар Донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ш. Хуҷанд, факултети география ва экология бо донишҷўёни курсҳои болоӣ дар доираи омўзиши Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вохўрӣ баргузор гардид. Мувофиқи тартиби баргузории вохўрӣ аз рўи мавзуъҳои пешбинишуда, дар бораи зарурати қабул ва мақсаду вазифаҳои Барномаи давлатии маърифати экологӣ, ки муҳлати иҷрои он давраҳои то соли 2020-ро дарбар мегирад, донишҷўён баромадҳо намуданд.
Ҳамчунин, донишҷўён дар доираи мавзуъҳои баррасишуда ва дигар масоили дахлдори марбут ба ҳифзи муҳити зист, ба масъулони соҳаи ҳифзи муҳити зист суолҳои зиёд пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Раёсат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии ҷавонон чунин чорабиниҳоро бештар барпо намояд.