47 нафар хонандагон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, ба диплму ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулии Кумита сарфароз гардонида шуданд

Кумита бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои амалӣ гаштани Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ озмун эълон карда буд. Оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тозагии манбаъҳои обӣ-вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост» фармоиши Раиси Кумита аз 1 марти соли 2018, № 33 ба тасвиб расида буд. Бар асоси фармоиши мазкур комиссияи озмун таъсис дода шуд.

Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист-5 июн ҷамъбаст гардида, аз рӯи номинатсияҳои «Расми баҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Мақолаи беҳтарин», «Видеофилми беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори таҳқиқотии беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» 47 нафар хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғолиб омада, ба диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулии Кумита  сарфароз гардонида  шуданд.

Диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулиро дар ҷойҳо намояндагони Кумита ба  ғолибони озмун супориданд.