Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии иштирокдорони Конфронси 21-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж бо кормандони Кумита

IMG_3778 (Копировать)

15 декабри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии иштирокдорони Конфронси 21-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж бо кормандони соҳавӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки 12 декабр аз ҷониби тамоми давлатҳои кишварҳои ҷаҳон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ба имзо расид. Дар ин чорабинии байналмилалӣ ва омода намудани созиши намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябр то 13 декабри соли ҷорӣ, аз ҷумла кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Х. Ибодзода, ҳамзамон зикр кард, ки дар ифтитоҳи ин ҳамоиши сатҳи баланд, бевосита Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист баён намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамоҳангсози Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода баромад намуда, мақсад, масъалагузорӣ ва вазифаҳои ҳамоиши Парижиро ба шунавандагон фаҳмонда дод.
Қайд гашт, ки Тоҷикистон дар доираи Созишномаи тарафҳо ҷонибдории худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва умумимиинсонӣ дар самти нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво ва баландшавии он то 2% дар давраҳои муайянгардида ба расмият даровард.