Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои арзандаи Миллати Тоҷик аст

IMG_3782 (Копировать)

16 декабри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шахси ҷонфидои Ватану Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб мебошад, вохӯрии кормандон баргузор гардид.
Вохӯриро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи маҳокимашаванда суханронӣ намуд. Дар суханронии худ Х. Ибодзода қайд кард, ки: «Мардуми шарафманди тоҷик роҳи тайнамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат ба тамоми ҳастиашон ва воқеъбинона дарк мекунанду баҳо медиҳанд, ки он роҳи мушкилу пурпечу тоб, вале роҳи пурифтихору пур аз комёбӣ аст.
Дар рафти вохӯри аксарияти иштирокдорон, аз ҷумла сардорони Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Раҳматулло Хайруллоев, бахши обуҳавошиносӣ Валихуҷа Қурбонов ва шоири маҳбуби мардумӣ Шаҳрия Аҳтамзод баромад намуда, ба чунин унвони расмӣ ва эҳтиромӣ пешниҳод гардидани Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, мавсуфро арзандаи Пешвои ҳақиқии миллат арҷгузорӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ғамхориву талошҳои ҳаррӯзаи Роҳбари давлат танҳо ба хотири тараққиёту пешрафти Ватани азиз, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст ва барои ҳамин ҳам Ҷаноби Олӣ сазовари унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аст.
Ҳамчунин, ҳайати иштирокдорони вохӯрӣ барои пешниҳоду қабули қонуни мазкури Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуда, изҳор доштанд, ки қабули ин қонун хоҳишу матлаби кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.