Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат — Меҳрномаи шоири маҳбуби тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод

Меҳрномаи шоири маҳбуби тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод дар вохӯрии васеи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 декабри соли 2015, дар баррасии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат гардид.

Эҳёгари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Бахтовари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Дар рӯзи сахти кишвар омад ба тахти кишвар,
Дар минбари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Сомонӣ дар Бухоро девори маънавӣ буд,
Бому дари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Симои тоҷикона пурнур бошад ӯро,
Зебу фарри Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Ӯ сохт роҳи дилҳо, ӯ сохт роҳи дунё,
Дил дар бари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.
Бар тоҷикони олам шуд Садри анҷуман ӯ,
Тоҷи сари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон
Чун Пешвои миллат умеди кишвар аст ӯ,
Дар бовари Ватан бод, Эмомалии Раҳмон.