Дӯстони гиромӣ, меҳмонони сайт!

Қабл аз ҳама, мехостам барои таваҷҷуҳи Шумо  ба сомонаи мо изҳори ташаккур намоям. Хурсандибахш аст, ки мардуми шарафманди тоҷик 26 сол боз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар фазои оромию ягонагӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Истиқлол ва ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон қуввату тавоноӣ бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ имконоти васеъ фароҳам овард. Воқеан Истиқлолият муқаддасоти арзишмандест, ки ба рӯзгори мо шукӯҳу ҷилои тоза бахшидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо назардошти дарки муҳимиятии масъалаҳои экологӣ силсила қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳо дар робита ба масъалаҳои афзалиятноки муҳити зист қабул гаштаанд. Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба узвияти 10 Конвенсияи СММ оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шудааст. Дар ин вақт Тоҷикистон бо масъалагузорӣ ва пешниҳодоти мушаххас дар робита ба ҳалли масъалаҳои  муҳити зист миёни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баланд касб намуд. Бахусус, ташаббусҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об аз тарафи  ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Эълон гаштани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 ҳамчун «Даҳсолаи амалиёти байналхалқии «Об барои ҳаёт» аз ҷониби СММ,  Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор миёни дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Қабул гаштани Қатъномаи СММ дар бораи эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бо пешниҳоди Роҳбари муаззами кишварамон обрӯю эътибори Ватани азизамонро боз ҳам баланд бардошт.

Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистонро мардуми аксар мамлакатҳо ҳамчун кишвари дорои табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, ҳавои тоза ва обҳои мусаффо мешиносанд. Ҳамин аст, ки аз се номинатсияи ба рӯйхати Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО  шомилгашта якеаш «Парки миллии  Тоҷикистон»  мебошад.

Боварии  комил  дорам,  ки  дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ҷойҳои таърихию фарҳангии он, ҳунарҳои зебои мардумӣ ва меҳмоннавозии халқи шарифамонро  сайёҳон ва дигар  меҳмонони хориҷӣ аз наздик шинос  мешаванд ва Ватани  азизамонро  дар кишварҳои худ муаррифӣ мекунанд.

Кумитаи мо, ки татбиқи  сиёсати давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология назорат мебарад, фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои ҶТ, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда, солим нигоҳ доштани  муҳити зист ва беҳ шудани дараҷаи некӯаҳволии аҳолиро аз ҳадафҳои афзалиятноки хеш меҳисобад. Таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, махсусан ба деҳот равона гардидааст.

Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита, аз ҷумла сохторҳои маҳаллии соҳавӣ назорати давлатии ҳифзи муҳити зистро роҳандозӣ намуда, дар иҷрои иқдомҳои Пешвои миллат оид ба ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи  сарватҳои он, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти кишвари маҳбубамон фаъолона иштирок карда истодааст.

Шумо метавонед ҳамаи маълумоти лозимиро оид ба қонунгузории мавҷудаи Тоҷикистон дар самти ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, қонунгузории байналмилалӣ, конвенсияҳои мавҷудаи соҳавӣ, идоракунӣ ва назорати захираҳои табиӣ, тартиби иштирок дар семинару конфронс ва форумҳо ва дигар маводҳои зарурӣ вобаста ба фаъолияти худ ҳамчун танзимгар ва барандаи сиёсати ҳифзи муҳити зист аз сомонаи мазкур дастрас намоед.
Мо мутмаинем, ки он маводу маълумотҳое, ки аз сомонаи мо ба даст меоред, барои Шумо  манфиатнок хоҳад буд.

Аз фурсат  истифода бурда,  Шумоёнро ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи  захираҳои табиӣдаъват мекунам,  боварӣ дорам, ки  Шумо дар симои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди он  шарики боэътимоди дарозмӯҳлатро вобаста ба ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ, солимии ҳаёту табиат дарёфт хоҳед намуд.

Хайрулло Ибодзода
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон