Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

7 июн дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об» баргузор гардид. Дар кори конфронс, масъулин ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони маҳалла, ассотсиатсияҳои истифодабарии об ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Конфронсро Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ оғоз бахшида, қайд намуд, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Қатънома доир ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дастовард ва рӯйдоди  воқеан таърихӣ  мебошад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, бо дастгирии беш аз 190 давлати дунё санаи 22 декабри соли 2016 қобили қабул дониста шудааст. Қабули ин санади муҳим, ки чорумин ташаббуси кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, боиси боз ҳам тақвият ёфтани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Сипас муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабалӣ Ашӯров дар бораи аҳамияти Даҳсолаи мавриди назар баромадҳо намуданд. Муовини сардори  Раёсати захираҳои оби  Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шарифов дар мавзӯи «Нақши Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳо  дар амалӣ гардонидани  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», номзади илмҳои геоэкология, директори  МД «Маркази илмӣ-тадқиқотии захираҳои об»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриаллоҳ Сарабеков дар мавзӯи «Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳалли масъалаҳои обии сайёра», сардори Шӯъбаи экспертизаи  давлатии экологии ҳамин Кумита Саидмуҳидин Маҳмадаминов дар мавзӯи «Татбиқи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба воситаи таҷҳизоти аёнии рӯйнамо презинтатсияҳо нишон доданд.

Ҳамзамон, сародори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ А. Ҳусейнов мавзӯи «Назорати истифода ва проблемаҳои асосии ҳифзи захираҳои об дар ноҳияи Рӯдакӣ», сардори хоҷагии обу корезии ноҳияи Рӯдакӣ С. Алаёров мавзӯи «Проблемаҳои асосии таъмин кардани аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ», сардори шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ С. Сафаров мавзӯи «Тарбияи наврасон заминаи асосии ҳифзи захираҳои об-дар асоси Барномаи  давлатии рушди тарбия ва маърифати экологӣ», сардори хоҷагии оби ноҳияи Рӯдакӣ Аминзода Н. мавзӯи «Нақши Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро ба котиботи конфронс ироа намуданд.

Қабл аз чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ Намоишгоҳи корхонаю муассисаҳо ва кори омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ  ба маърази таваҷҷуҳи иштирокдорон гузошта шуд.