Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар вилояти Хатлон

4 июни соли 2018 дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар дар вилояти Хатлон Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил гардид. Донишҷӯёну хонандагон намунаи корҳои эҷодии худ, оид ба муҳити зист, ҳифз ва истифодаи захираҳои табиӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ-экологӣ, ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошои бинандагон гузошта буданд.

Роҳбарияти вилоят, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 1200  нафар иштирок доштанд. Бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми   Раиси вилояти Хатлон С. Зиёзода чорабиниро оғоз бахшида оид ба ҳифзи сарватҳои  табиӣ, истифодаи самарабахшу оқилонаи он, ки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад, сухан ронда, қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи мазкур,  шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғу чаманзорҳо бойигарии табиатро афзун намуда, мо идомадиҳандагони ниёгони хеш, бояд ба насли оянда  табиатро сабз ва заминро солим боқӣ монем.

Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Назарзода оид ба сарчашмаи ҷашнгирии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, табиати бою  рангини Тоҷикистон ва дастоварду муваффақиятҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар давоми 30 соли фаъолият маълумот дода, ҳозиринро  бо иди дарпешистода табрик намуда, ба як қатор кормандони фаъоли соҳа нишони сарисинагии ҳифзи муҳити зист ва ифтихорномаҳоро аз номи Раиси Кумита супорид. Инчунин ба 14 нафар хонандагон, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб  омада буданд, Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон  Раҳимов. Ш ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати таҷлили  46-солагии Рӯзи байналмилалии муҳити зист, 30-солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист  табрик намуда, ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаю  эҳтиёткорона, барои саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорию созандагӣ, сабзу хуррамгардонидани вилоят даъват намуд. Сипас барои натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар беҳдошти муҳити зист, сабзу хуррам гардондани диёрамон ва баланд бардоштани  сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, корхонаву донишгоҳҳо ва коллеҷҳои вилоятӣ бо Сипосномаҳо, собиқадорон, кормандони фаъоли соҳа ва хонандагони муассисаҳои  таълимии вилоят, ки дар озмуни вилоятӣ  дар мавзӯи  «Тозагии манбаъҳои обӣ- вазифаи шаҳрвандии ҳар яки  мост» ғолиб омадаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои  пулии Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, ба 15 нафар хонандагону донишҷӯёне, ки дар озмун аз рӯи 4 номинатсия, тибқи талаботи шартҳои он, ғолиб дониста шуданд, туҳфаҳои хотиравии Раёсат супорида шуд.

Ба хотири хушу гуворо гузаштани иди дӯстдорони табиат чорабинии фарҳангии омоданамудаи  кормандони фаҳанги вилоят пешкаши ҳозирин гардонида шуд.