Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ш. Хуҷанд

2 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар саҳни театри мазҳакавӣмусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш. Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва аҳли ҷомеа иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода зимни суханронии худ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист ёдовар шуда, дӯстдорони табиатро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист табрик намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ иброз дошт, ки дар кишварҳои гуногуни олам Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҳамчун яке аз санаҳои басо муҳим таҷлил карда мешавад, зеро дар замони муосир таъмини амнияти экологии ҷомеа аз муҳимтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. 

Таҷлили санаи мазкур инсониятро бори дигар аз мавҷудияти муаммоҳои экологӣ ҳушдор  медиҳад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат, хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Зикр гардид, ки ҳар як сокини кишвар бояд перомуни масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамзистии инсон бо табиат андеша намуда, барои покиза нигоҳ доштани муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани он саҳмгузор бошад.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба фаъолони соҳа сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва нишонҳои сарисинагии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.